Одиназода Бозоралӣ Неъмат, Ҳақдодов Маҳмуд Маҳмадшарифович, Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд
Аннотатсия:
Дар мақола тавсифи механизмҳои ролганг, ки дар саноат барои интиқоли маводи коркардшаванда дар марҳилаҳои гуногуни коркарди он ба таври васеъ истифода бурда мешавад, оварда шудааст. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар сохти ролики ролганг ҷиҳати паст намудани омилҳои ларзишсадои (ғулғула, ларзиш) ролики ролганг бо истифода аз маводи ларзишсадопахшкунанда дар асоси хулаи бисёртаркибаи алюминий таҳия карда шудааст. Дар асоси равишҳои методологии мавҷуда формулаҳо барои ҳисоби коэффисиенти талафоти энергияи ларзиш ва дараҷаи фишори садо дар сохти ролики ролганг бо назардошти истифодаи маводи ларзишсадопахшкунанда оварда шудааст.
Калидвожаҳо: ролганг, ролик, системаи лаппиш, дараҷаи фишори садо, декременти лаппиш, коэффисиенти талафот, ларзишпахшкунӣ, ларзишсадопахшнамоӣ, маводи ларзишсадопахшкунанда.

