С.Н. Неъматзода, Н.Н. Назрублоев
Аннотатсия:
Дар ин мақола марҳилаҳои асосии таҳқиқоти тақсимшавии қисмҳои касрии қиматҳои бисёраъзогиҳое, ки аргументҳои онҳо аз интервалҳои кӯтоҳ қимат мегиранд, баррасӣ мегарданд. Таҳқиқот ба усулҳои назарияи аналитикии ададҳо, махсусан ба баҳодиҳии суммаҳои тригонометрӣ асос ёфтааст. Нишон дода мешавад, ки суммаҳои тригонометрӣ барои омӯхтани тақсимшавии қисмҳои касрии қиматҳои бисёраъзогиҳои гуногун, ки аргументҳои онҳо аз интервалҳои кӯтоҳ қимат мегиранд, гирифтани баҳоҳои ғайритривиалӣ ва исботи тақсимшавии мунтазам аз рӯйи модули як воситаи муҳим мебошанд. Дар кор натиҷаҳои классикии Гаусс, Вейл, Морделл, Хуа Ло-кэн ва Виноградов таҳлил карда мешаванд. Диққати махсус ба суммаҳои кӯтоҳи Вейл дода шудааст, ки дар омӯзиши рафтори бисёраъзогиҳо дар интервалҳои кӯтоҳ нақши муҳим доранд. Натиҷаҳои олимони тоҷик, аз ҷумла корҳои З.Ҳ. Раҳмонов, Н.Б. Озодбекова, С.Н. Исматов ва Ф.З. Раҳмонов, ки ба баҳодиҳии чунин суммаҳо бахшида шудаанд, баррасӣ шудаанд. Натиҷаҳои бадастомада аҳамияти усулҳои суммаҳои тригонометриро дар назарияи муосири ададҳо тасдиқ мекунанд ва саҳми муҳими олимони тоҷикро дар рушди ин соҳа нишон медиҳанд.
Калидвожаҳо: тақсимшавии мунтазам, қисмҳои касрӣ, суммаҳои тригонометрӣ, суммаҳои Вейл, суммаҳои Гаусс, фосилаҳои кӯтоҳ, формулаи асимптотӣ, ададҳои сода.

