ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА

Мамадаёзова Афсона Абдулниёзовна

Аннотатсия: 

Мақола ба таҳлили сохтори бозори таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии сатҳи тамаркузи он бо истифода аз индекси Ҳерфиндал–Ҳиршман (HHI) бахшида шудааст. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки бозор дар буриши минтақавӣ дорои дараҷаи баланди мутамарказшавӣ буда, нуфузи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хусусан дар пойтахт, афзалиятнок мебошад. Ин вазъ рақобатпазирии бозори хизматрасониҳои таълимӣ, имкониятҳои рушди муассисаҳои минтақавӣ ва самаранокии идоракунии бозорӣ ва стратегиро маҳдуд месозад. Дар баробари ин, мақола таҳлили динамикаи индекси Ҳиршро дар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳҳо дар солҳои 2015–2023 пешниҳод мекунад. Тағйироти афзоишёбандаи нишондиҳандаҳо аз беҳтаршавии фаъолияти илмӣ, такмили идоракунии илмӣ, афзоиши иқтидораи кадрӣ ва рушду таҳкими рақобатпазирии академӣ шаҳодат медиҳад.
Калидвожаҳо: бозори таҳсилоти олӣ; индекси Ҳерфиндал–Ҳиршман (HHI); тамаркузи бозор; рақобат; идоракунӣ, идоракунии рақобатпазирӣ, индекси Ҳирш; маҳсулнокии илмӣ; донишгоҳҳои минтақавӣ; Донишгоҳи давлатии Хоруғ; наукометрия; фаъолиятҳои нашриётӣ.