ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА

Саидов Абдуқаҳҳор

Аннотатсия: 

Дар мақола вазъи илм дар Хуросони Бузург дар асри XIII - нимаи аввали асри XIV мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар натичаи истилои муғул ҳаёти илмӣ-фарҳангӣ дар Мовароуннаҳр рӯ ба таназзул оварда бошад ҳам, вале дар қисматҳои алоҳидаи Хуросон,  эҳёи соҳаҳои гуногуни илм ба назар мерасид. Дар ин давра аз ҷониби олимон дар соҳаҳои мухталифи илм як қатор асарҳо эҷод гардида буданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Насируддини Тӯсӣ дар соҳаи риёзиёт, ҳандаса, тиб, нуҷум, фалсафа, мантиқ, адабиёт ва ғайра зиёда аз 200 асар таълиф гардида буд. Илми ҷуғрофия ва назарияи адабиёт хеле рушд ёфта, дар таҳқиқи арӯз ва қофия ба забони тоҷикӣ асарҳои зиёд офарида шуданд. Дар ин давра махсусан таърихнигорӣ хеле инкишоф ёфта буд. Бештари асарҳои таърихии ин замон ба забони тоҷикӣ навишта шуда буданд. Инкишофи асарҳои таърихӣ, аз як тараф, бо анъанаҳои таърихнависии асрҳои гузашта робита дошта бошанд, аз тарафи дигар бо дастгирии ҳокимони муғул, ки мехостанд ба воситаи муаррихон ғалабаҳои ҷанги худро дар саҳифаҳои таърихӣ сабт намоянд, алоқаманд буданд.
Калидвожаҳо: илм, асар, олим, муаррих, риёзиёт, тиб, нуҷум, ҷуғрофия, таърихнигорӣ. муаллиф.