ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА

Абдурасулов Анвар Абдурасулович

Аннотатсия: 

Дар мақола муҳтавои мухтасари маърӯзаи дархостӣ дар конфронси анъанавии байналмилалии илмӣ-амалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – “Илм - асоси рушди инноватсионӣ” нисбати таснифи номи конфронс дар ҷаласаи ифтитоҳӣ, оварда шудааст. Оид ба мақоми илм дар рушди ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар ташаккули фаъолияти иқтисодии он, ибрози назар карда шуда, ба нақши илмҳои табиатшиносӣ-техникӣ дар рушди фаъолияти иқтисодию истеҳсолии ҷомеа диққати бештар дода шудааст. Дар бораи ба соҳаи мустақилу самараноки фаъолияти иқтисодии ҷомеаи муосир табдил ёфта истодани илм чанд мулоҳиза баён карда шуда, зарурату имконияти дар такя ба илм амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Калидвожаҳо: фарҳанг, иқтисодиёт, илм, қувваҳои истеҳсолкунанда, воситаи истеҳсолот, автоматика, зеҳни сунъӣ.