Ш.И. Рахматуллозода, Д.Ш. Мирзокаримов, С.Р. Хаитова
Аннотатсия:
Дар мақола хусусиятҳои сохтори меъморӣ-шаҳрсозии шаҳрҳои қадимаи Самарқанд ва Бухоро ҳамчун инъикоси ҳувияти фарҳангии онҳо таҳлил гардидаанд. Принсипҳои ташаккули фазоҳои ҷамъиятӣ, таркиби ансамблӣ, низоми гиреҳҳо ва хусусияти муҳити сохтмон, ки дар онҳо анъанаҳо, навовариҳо ва таъсироти фарҳангии давраҳои гуногуни таърихӣ муттаҳид мешаванд, баррасӣ шудаанд. Тадқиқот ба муайян намудани қонуниятҳое равона шудааст, ки метавонанд ҳангоми таҳияи қарорҳои муосири урбанистӣ бо назардошти заминаи таърихию фарҳангӣ истифода шаванд.
Калидвожаҳо: меъморӣ, ҳувияти фарҳангӣ, Самарқанд, Бухоро, шаҳрҳои қадим, сохтори шаҳрсозӣ, анъанаҳо, мероси таърихӣ, фазоҳои ҷамъиятӣ.

