А. Б. Рамазониён, Б. Саидов
Аннотатсия:
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон, биноҳои баландошёна ва умуман сатҳи меъморӣ бисёр рушд карда истодааст, ки кишварро рӯз аз рӯз зеботар месозанд. Аммо бо вуҷуди ин донистани алоқамандии яке аз илмҳои нав, зебоишиносӣ бо ҳунари меъморӣ хело зарур аст, зеро меъмор он вақт муваффақ мешавад, ки асари офаридаи ӯ аз нигоҳи зебоишиносӣ дилпазир ва роҳат бошад. Аз ин рӯ, муаллифон дар мақола масъалаҳои алоқамандии зебоишиносиро бо меъморӣ баррасӣ намуда, робитаи онҳоро дар асоси андешаҳои донишмандони соҳаи этика, фарҳангшиносӣ, меъморӣ, наққошӣ ва рассомӣ муайян намудаанд. Инчунин дар мақола андешаҳои донишмандон роҷеъ ба масъалаи нақшофаринии меъморӣ бо назардошти хусусиятҳои фарҳангӣ ва дар алоқамандӣ бо зебоишиносӣ баррасӣ шудааст.
Калидвожаҳо: эстетика, меъморӣ, фарҳанг, наққошӣ, ҳунар, рассомӣ, ҷомеа, анъана, рӯҳ, зебоӣ, қадима.

