Г.Р. Раҷабзода, Ҳ.Б. Бобоев, Ф.Б. Зоиров
Аннотатсия:
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳим дар таҳияи лоиҳаи роҳсозӣ ин ба инобат гирифтани дурнамои шиддатнокии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар шаҳрҳо мебошад. Бинобар он, тадқиқоти мазкур дар ҳудуди хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе гузаронида шудаст. Дар мақола шиддати кунунии ҳаракати нақлиёт дар хиёбонҳои зикргардида мавриди таҳлил қарор мегирад. Шаҳри Душанбе инфрасохтори тӯлонии нақлиётӣ дошта, бо ҷараёни зиёди транзитии нақлиёти автомобилӣ тавассути қисми марказии шаҳр, ки ҷойҳои аҳолинишин, марказҳои маъмурӣ ва тиҷоратии шаҳрро дар бар мегирад, хос аст.
Калидвожаҳо: нақлиёти автомобилӣ, ҷараёни нақлиётӣ автомобилӣ, шиддатнокӣ, хизматрасонии нақлиётӣ.

