Г.Р. Раҷабзода, Э.А. Абдурозиқов
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур мушкилоти мубрами экологии шаҳри Душанбе, ки дар натиҷаи афзоиши босуръати шумораи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба миён омадааст, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Бо истинод ба маълумоти оморӣ ва гузоришҳои расмӣ, вазъи воқеии ифлосшавии ҳаво дар шаҳр ҳамчун яке аз бузургшаҳрҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуда, саҳми назарраси нақлиёт дар ин раванд нишон дода мешавад. Дар доираи тадқиқот ба нақши лоиҳаи инноватсионии “Шаҳри бехатар” ва таъсири он ба коҳиши партовҳои захролуд дар муҳити атроф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи ин система на танҳо ба беҳбуди вазъи нақлиёт, балки ба паст шудани сатҳи ифлосшавӣ низ мусоидат намудааст. Махсусан қайд карда мешавад, ки дар таҳқиқоти мавҷуда ба масъалаи ифлосшавии замин ва обҳои нӯшокӣ дар натиҷаи партови равғанҳои муҳаррикӣ, трансмиссионӣ ва моеъҳои махсуси автомобилӣ кам диққат дода мешавад. Дар мақола ин ҷанбаи муҳими таъсири нақлиёт ба экология мавриди баррасӣ қарор гирифта, оқибатҳои он барои муҳити зисти шаҳр нишон дода шудаанд. Дар хотимаи тадқиқот, зарурати қабули “Консепсияи рушди нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе” ҳамчун воситаи муҳим барои ҳалли мунтазами мушкилоти экологии нақлиёт ва таъмини рушди устувори пойтахт асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо: мушкилоти экологӣ, нақлиёти автомобилии шаҳрӣ, партовҳо, “шаҳри бехатар”, ифлосшавии замин, моеъҳои техникӣ, консепсияи рушд

