ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ЭКОЛОГИЯ

Насруллоев Фарход Хуҷаевич

Аннотатсия: 

Дар ин мақола тадбирҳои экологӣ ҳамчун механизми ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ мешавад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи муҳими оби тоза дар минтақа буда, дар мувозинати экологӣ ва рушди устувори Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозанд. Таҳти таъсири гармшавии иқлим, коҳиши босуръати пиряхҳо мушоҳида мешавад, ки ба амнияти обӣ, энергетика, кишоварзӣ ва экосистемаҳо таҳдид менамояд. Ҳадафи ин таҳқиқот таҳлили тағйирёбандаҳои иқлимӣ (ҳарорат ва боришот) ва омӯзиши чораҳои илман асоснок барои кам намудани коҳишёбии пиряхҳо мебошад. Натиҷаҳои тадқиқот тағийрёбии назарраси боришот ва ҳарорат нишон медиҳанд. Татбиқи тадбирҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз ҷумла рӯйпӯшҳои инъикоскунандаи нури офтоб, ҷамъшавии барфи сунъӣ, ташаккули анборҳои ях ва рехтани об дар сатҳи пиряхҳо метавонад таназзули пиряхҳоро кам намояд ва инчунин амнияти обро дар минтақа тақвият диҳад.
Калидвожаҳо: пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, тадбирҳои экологӣ, амнияти обӣ, Тоҷикистон, таҳқиқоти фосилавӣ