ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ЭКОЛОГИЯ

Каримзода Сорбони Саъдӣ, Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон

Аннотатсия: 

Дар мақола тадқиқоти фаъолияти фотосинтетикии растаниҳои доминанти чарогоҳҳо ва таъсири он ба маҳсулнокии чарогоҳҳо пешниҳод шудааст. Натиҷаҳои таҳлили фаъолияти фотосинтетикии алафҳои гуногун вобаста ба омилҳои иқлимӣ ва агротехникӣ, инчунин хусусиятҳои рушди онҳо дар шароити гуногун муайян гардидаанд. Тадқиқот дар ноҳияи Муъминобод гузаронида шуда, дар навъи алафҳои юнучқаи «Зиддӣ», «Иссикулӣ» ва «Вахш-300» омӯхта шуд. Дар асоси натиҷаи бадастомада муайян карда шуд, ки зиёд шудани растаниҳо, махсусан дар навъи «Иссикулӣ» ва «Вахш-300» ба афзоиши фаъолияти фотосинтетикӣ мусоидат менамояд. Натиҷаҳои таҳлили коррелятсионӣ робитаи назарраси байни масоҳати барг ва биомассаи умумиро, махсусан дар навъи «Иссикулӣ» нишон доданд, ки аз самаранокии баланди он дар ҷамъшавии биомасса шаҳодат медиҳад.
Калидвожаҳо: фаъолияти фотосинтетикӣ, растаниҳои чарогоҳ, биомасса, ҳосил, омилҳои агротехникӣ.