ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ЭКОЛОГИЯ

Азизов Рустам Очилдиевич, Мамадов Икромҷон Ахмадалиевич

Аннотатсия: 

Мақсади кори мазкур таҳлили имконияти истифодаи моделҳои математикӣ барои баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бо назардошти шароити метеорологӣ ва ҷуғрофии маҳал мебошад. Дар мақола таҷрибаи байналмилалӣ ва таҷрибаи андӯхтаи олимони тоҷик оид ба мониторинг ва таҳқиқи аэрозолҳо мураттаб гардонида шудааст. Шарҳ ва таҳлили муқоисавии моделҳои математикӣ гузаронида шуд. Дар мисоли шаҳри Хуҷанд нишон дода шудааст, ки барои баҳодиҳии вазъияти дараҷаи ифлосшавӣ ба инобат гирифтани маҷмӯи манбаъҳои саноатӣ, нақлиётӣ, маишӣ ва табиӣ, аз ҷумла чангу ғубор зарур аст. Ҳамчун методологияи ниҳоӣ муносибати марҳилавӣ асоснок карда шудааст, ки аз таҳияи кадастри партовҳо оғоз ёфта, бо валидатсияи (санҷиши) моделҳои математикӣ барои пешгӯии минбаъда анҷом меёбад.
Калидвожаҳо: ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, моделсозии математикӣ, сифати ҳаво, PM2.5, манбаъҳои ифлосшавӣ, CFD, мониторинги экологӣ.