Иззатуллоев Мубориз Акрамхонович, Гаврилов Константин Владимирович, Бозоров Шамсуддин Аломуддинович
Аннотатсия:
Муҳаррикҳои дарунсӯз (МД) дар соҳаи нақлиёт ва дигар соҳаҳо бо мақсади зиёд намудани маҳсулнокии кор васеъ истифода бурда мешаванд. Ҳатто дар шароити рушди босуботи автомобилҳои гуногуни барқӣ ивази пурраи автомобилҳое, ки бо МД кор менамоянд ба автомобилҳои барқӣ ба якборагӣ номумкин аст. Аз ҳамин сабаб метавон гуфт, ки МД дар автомобилҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ метавонанд солиёни зиёд истифода гарданд. Тарҳрезии дуруст ва оқилонаи ҷузъҳои МД кафили боэътимодӣ ва дарозумрии кори он мебошад. Милдони лағжиш яке аз ҷузъҳои калидии МД ба ҳисоб рафта даврзании мунтазам ва боэътимоди наварди зонудор ва шатунро таъмин менамояд. Барои баланд бардоштани қобилияти корӣ ва кам намудани талафот дар соиши трибопайвастагиҳо аз он ҷумла милдонҳои лағжиш роҳҳо ва усулҳои гуногун, аз қабили конструктивӣ, истифодабарӣ ва технологӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар доираи усули конструктивӣ яке аз роҳҳои кам намудани талафот дар соиш ва зиёд намудани қобилияти кории трибопайвастагиҳо аз он ҷумла милдонҳои лағжиш ин текстуронӣ (мақсаднок ноҳамворкунии сатҳҳои соишии трибопайвастагиҳо) ба ҳисоб меравад.
Дар мақолаи мазкур оид ба таъсири бузургиҳои микрогеометрияҳои танзимшаванда хусусан чуқурии онҳо дар сатҳ ба тавсифҳои гидромеханикии милдони лағжиши радиалӣ тадқиқот гузаронида шудааст.
Калидвожаҳо: муҳаррики дарунсӯз, милдони лағжиш, хосиятҳои трибологӣ, микрогеометрия, трибопавастагиҳо, талафот дар соиш, эътимоднокӣ, дарозумрӣ.

