ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

МОШИНСОЗӢ ВА МОШИНШИНОСОӢ

Тиллоев Қудратулло Зувайдуллоевич, Акрамов Баҳром Ниёзович

Аннотатсия: 

Дар мавод баҳодиҳии устувории статикии мошинҳои роҳсозию сохтмонӣ дар майдонҳои кории нишеб, дар шароите, ки аз ҷойгиркунии маъмулии уфуқӣ фарқ мекунанд, баррасӣ мешавад. Бо ин мақсад мафҳумҳои устувории дарозӣ ва уфуқӣ (паҳлуӣ) дар асоси реаксияҳои нормалӣ дар чархҳои мошин ба баррасӣ ворид карда мешаванд. Шароити устувории статикӣи мошин бо дарназардошти нишебиҳои дарозӣ ва паҳлуии майдон таҳлил гардидааст. Вобастагиҳои ҳисобӣ барои муайян намудани реаксияҳои нормалӣ дар ҳамаи 4 чархи мошин ба даст оварда шудаанд, инчунин ифодаҳо барои муайян кардани кунҷҳои ҳаддии устувории дарозӣ ва паҳлуӣ ҳосил карда шудаанд. Таъсири мавқеи маркази массаи мошин ва кунҷҳои нишебии сатҳи майдони корӣ ба бозтақсимшавии борҳо ва шароити чаппашавӣ нишон дода шудааст. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодаи мошинҳои роҳсозию сохтмонӣ барои таъмини кори бехатари онҳо дар майдонҳои кории нишеб мавриди истифода қарор гиранд.
Калидвожаҳо: устувории мошин, шароити чаппашавӣ, реаксияҳои нормалӣ, кунҷи устувории дарозӣ, кунҷи устувории паҳлуӣ, маркази вазнинӣ, контури такягоҳ, шароити устувории ҳаддӣ