ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа
ISSN 3105-709

БЕХАТАРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСОН

Юнусов Фаридун Маъруфович

Аннотатсия:

Дар ин мақола муҳокима дар бораи мусофирбарӣ тавассути нақлиёти ҷамъиятии шаҳр мубоҳиса карда, риояи талаботи бехатариро ҳангоми мусофирбарӣ аз ҷузъиёти муҳимтарини раванди нақлиётӣ меҳисобад. Қайд карда мешавад, ки ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ ва ҳам раванди нақлиётӣ вазифа ва масъулиятҳои худро дорад. Ронанда, кондуктор ва мусофирон вазифадоранд, ки муқаррароти қоидаҳои истифодабарии нақлиёти ҷамъиятиро бе ягон мамониат риоя карда, ҳаёти худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд. Аз тарафи дигар, риояи ҳар як қоида аз фарҳанги баланди истифодабарии нақлиёт шаҳодат медиҳад.

Калимаҳои калидӣ: бехатарӣ, мусофирбарӣ, мусофир, нақлиёт, нақлиёти шаҳр, ронанда, истгоҳ.