ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа
ISSN 3105-709

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА

М.С. Шарипова

Аннотатсия: 

Дар мақола аҳаммият ва нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, таҳаввулоти истифодаи технологияҳои рақамӣ , вазъи муосир ва дурнамои татбиқи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯ зиш қарор дода шудаанд. Мақсади таҳқиқот муайян намудани самтҳои асосии истифодаи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳои сайёҳӣ ва арзёбии имкониятҳои он барои баланд бардоштани самаранокӣ , сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии соҳаи сайёҳӣ дар робита бо модели “туризми ҳушманд” мебошад. Дар раванди таҳқиқот самтҳои асосии истифодаи зеҳни сунъӣ , аз ҷумла автоматикунонии хизматрасонӣ , коркарди маълумоти сайёҳон, фардисозии пешниҳодҳои туристӣ , истифодаи чат-ботҳо, ChatGPT, Claude ва Gemini ва ёварони рақамӣ , ки метавонанд мувофиқ ба хоҳиши сайёҳон самаранокии захираҳои сайёҳии кишварҳоро муайян кунанд, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Инчунин таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба таҷрибаи сайёҳон, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ташаккули шаклҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ муайян карда шудааст. Дар мақола имкониятҳо ва мушкилоти татбиқи зеҳни сунъӣ дар шароити Тоҷикистон, аз ҷумла зарурати рушди инфрасохтори рақамӣ , омодасозии кадрҳои соҳибтахасуси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳӣ мавриди таваҷҷӯ ҳ қарор гирифтаанд. Натиҷаҳои тадқиқот аҳаммияти зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи муҳими рушди устувор ва рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ нишон медиҳад.

Калидвожаҳо: Smart Tourism, рақамикунонӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, ChatGPT, сайёҳӣ, хизматрасонии сайёҳӣ.