А.Б. Рамазониён
Аннотатсия:
Дар ҷомеаи муосир меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба таври бесобиқа рушд намуда истодааст. Дар рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ донистани алоқамандии мафҳумҳои фалсафӣ, ки дар меъморӣ истифода мешаванд, хело зарур аст, зеро тамоми соҳа, хосатан меъмориро бе фалсафа тасаввур кардан ғайри имкон аст. Оддитарин бино ё як амали меъморӣ бояд дорои маъно ва моҳияти ба худ хос бошад, то бинандаро ба худ ҷалб намуда тавонад. Аз ин рӯ, дар мақола баъзе мафҳумҳои фалсафие, ки дар меъморӣ истифода мешаванд, ва он мафҳумҳо ҳам дар фалсафа ва ҳам дар меъморӣ ба тарзҳои гуногун истифода мешаванд, дар асоси андешаҳои файласуфон, зебоишиносон ва меъморони бузург шарҳ дода шуда, ҳолатҳои гуногуни истифодаи онҳо дар меъморӣ баррасӣ шудаанд. Дар мақола бештар мафҳумҳои фазо, замон, шакл, форма, макон ва ғайраҳо ба таври зарурӣ шарҳ дода шуда, ҳолатҳои истифодаи онҳо дар меъморӣ муайян, умумият ва фарқияти маъноии онҳо дар фалсафа ва меъморӣ баррасӣ шудаанд. Инчунин, муаллиф шинохти мафҳумҳои фалсафиро, ки дар меъмории Эрони Бостон истифода шудаанд, хоссатан мафҳуми “чалипо”-ро то андозае шарҳ додааст.
Калидвожаҳо: фалсафа, меъморӣ, фазо, шакл, форма, макон, замон, чалипо, мафҳум, робита, тафаккур, инсон, меъмор.

