ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа
ISSN 3105-709

ЭКОЛОГИЯ

1Г.Б. Катағанова, 2А.А. Гулаҳмадзода

Аннотатсия: 

Дар мақола таркиби химиявии таҳшинҳои или фаоли иншоотҳои тозакунии обҳои партови шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Консентратсияи макроэлементҳо (K, Ca, Mg) ва микроэлементҳо, аз ҷумла металлҳои вазнин (Cr, Pb, Hg, Cd, Cu, Ni, Zn ва As), бо истифода аз нишондиҳандаҳои оморӣ, диаграммаҳои қуттӣ ва таҳлили коррелятсионӣ арзёбӣ гардид. Натиҷаҳои таҳқиқот бо стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла EPA, Дастури 86/278/EEC-и Иттиҳоди Аврупо ва GB 18918-2002-и Ҷумҳурии Мардумии Чин муқоиса карда шуданд. Муайян гардид, ки консентратсияи аксари металлҳои вазнин аз ҳадди ниҳоии иҷозатдодашуда пасттар аст, аммо барои мис, руҳ ва арсен консентратсияҳои нисбатан баланд ба қайд гирифта шуданд Дар заминаи афзоиши мушкилоти тозакунии обҳои партов ва дар ҷустуҷӯйи усулҳои устувори кишоварзӣ, истифодаи таҳшинҳои или фаоли роҳи ҳалли ояндадор мебошад. Таҳқиқот таркиби таҳшинҳои или фаол, таъсири он ба ҳосилхезии хок, нашъунамо ва ҳосили зироатҳо ва хатарҳои эҳтимолии марбут ба истифодаи ин навъи нуриҳоро дар бар мегирад. Натиҷахои тадқиқот ба тартиб додани тавсияҳо оид ба истифодаи бехавф ва самарабахши таҳшинҳои или фаол дар хоҷагии қишлок равона карда шудаанд.

Калидвожаҳо: таҳшинҳои или фаол, обҳои партов, таркиби химиявӣ, металлҳои вазнин, макроэлементҳо, микроэлементҳо, консентратсия, омили ғанисозӣ (EF), таҳлили коррелятсионӣ, стандартҳои EPA, 86/278/EEC, арзёбии экологӣ, истифодаи такрорӣ, шаҳри Душанбе.