М.Р. Саидзода, М.А. Абдулло, Р.Х. Саидзода, А.Д. Рахмонзода
Аннотатсия:
Дар мақола тағйирёбии таркиби газҳои истифодашудаи автомобили сабукрав бо дастгоҳи қувваи гибридӣ ҳангоми баромадан аз роҳи кӯҳӣ баррасӣ шудааст. Ченкуниҳо 22.09.2026 дар автомобили Lexus RX 450h (соли 2015) дар шаш нуқта аз 801 то 2615 м аз сатҳи баҳр дар роҳи Душанбе – нақби «Истиқлол» гузаронида шуданд; фишори атмосферӣ аз 92,3 то 74,6 кПа паст шуд. Миқдори CO, CH, NOx ва CO2 бо газтаҳлилкунандаи «Автотест» дар гардиши холӣ ва гардиши баланди валли зонунокӣ муайян карда шуд, дар ҳар як силсила шаш ченкунӣ (ҳамагӣ 72). Натиҷаҳо бо тақсимоти Стюдент (P = 0,95) коркард шуда, вобастагӣ аз баландӣ бо регрессияи хаттӣ ва таҳлили дисперсионӣ арзёбӣ гардид. Консентратсияи карбогидрогенҳо дар гардиши холӣ аз 15,2 то 32,3 млн−1 ва дар гардиши баланд аз 14,5 то 32,7 млн−1 афзуд, яъне тақрибан 9,4–9,7 млн−1 ба ҳар 1000 м. Оксидҳои нитроген 83–89 % ва ҳиссаи ҳаҷмии CO2 8–14 % кам шуданд. Барои CO вобастагии устувор аз баландӣ ошкор нашуд. Натиҷаҳоро ҳангоми ислоҳи усулҳои назорати заҳрнокии автомобилҳое, ки дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, истифода бурдан мумкин аст.
Калимаҳои калидӣ: роҳи кӯҳӣ; баландӣ аз сатҳи баҳр; газҳои истифодашуда; карбогидрогенҳо; оксидҳои нитроген; автомобили гибридӣ; газтаҳлилкунанда; Варзоб.

