1Н. Васиредди, 1Р.О. Азизов, 2Ҷ.Ш. Раҳматов
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур нақши зеҳни сунъӣ (ЗС), интернети ашё (IoT), технологияҳои блокчейн, дугоникҳои рақамӣ ва системаҳои муоинаи дурдаст аз Замин дар соҳаи мониторинги экологӣ ва гузариши энергетикӣ низомнок карда шудааст. Таҳлили ҳамаҷонибаи қарорҳои муосири рақамӣ, ки барои назорати ҳолати муҳити зист, идоракунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) ва беҳинасозии инфрасохтори энергетикӣ дар шароити афзоиши ноустувории иқлимӣ истифода мешаванд, гузаронида шудааст. Нишон дода шудааст, ки татбиқи технологияҳои рақамӣ пешгӯии истеҳсоли МБЭро бо дақиқияти 90–95% таъмин намуда, вақти таваққуфи таҷҳизотро 20%, вақти ташхиси нуқсонҳоро 87,5% коҳиш медиҳад, хароҷоти истифодабариро 11% паст мекунад ва дақиқии ҳисоботи карбониро 25% баланд мебардорад, ки дар маҷмӯъ самаранокии қарорҳои идоракуниро афзоиш медиҳад. Дар баробари таъсири мусбат монеаҳои асосие, ки татбиқи васеи чунин қарорҳоро коҳиш медиҳад, ошкор гардидаанд: хароҷоти экологӣ, ки бо истеҳсол, истифода ва партофтани таҷҳизот алоқаманданд; хатарҳои афзояндаи киберӣ, ки аз мураккабшавии инфрасохтори рақамӣ ба вуҷуд меоянд; сармоягузориҳои калони аввалия; инчунин нобаробарии рақамӣ байни минтақаҳо ва кишварҳо, ки дастрасии баробарро ба технологияҳо маҳдуд мекунад. Дар асоси таҳлили гузаронидашуда зарурати ташаккули ҳамкории устувор байни технологияҳои рақамӣ ва принсипҳои масъулияти экологӣ ҳамчун шарти калидии расидан ба ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 асоснок карда шудааст.
Калидвожаҳо: технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, интернети ашёҳо, блокчейн, дутарашҳои рақамӣ, энергетикаи барқардор, мониторинги экологӣ.

