ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа
ISSN 3105-709

МОШИНСОЗӢ ВА МОШИНШИНОСОӢ

1А.П. Парпиев, 2И.Б. Мардонов, 3Х.И. Иброҳимзода, 4Ф.М. Сафаров

Аннотатсия: 

Дар ин мақола натиҷаи тадқиқотҳо оид ба масъалаи таъмини ҷараёни устувори ашёи пахтаи байни устувонаҳои сиху паррадор ва сиху зеҳдори агрегати тозакунӣ баррасӣ шудааст. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки баъзе аз ҳиссачаҳои ашёи пахта пурра ба қисмати оянда ворид намешаванд, ба сатҳи устувонаи тасмааррадор бармегарданд. Барои бартараф кардани ин падида, унсурҳои роҳнамо бо сатҳи кории барҷаста пешниҳод карда мешаванд. Бо назардошти самти ҷараёни ашёи пахта, масофаи байни меҳварҳои устувонаҳо ва кунҷҳои траекторияи парвози мавод, координатаҳои унсурҳои роҳнамо, профили каҷ ва радиусҳои каҷшавӣ муайян карда шуданд. Барои роҳнамои якум муодилаи параболиро ба даст оварда, радиуси каҷшавии он муайян карда шуд. Роҳнамои дуюмро дар шароити истеҳсолот тайёр карда, санҷида шуд. Дар натиҷа, самти ҳаракати ҳиссачаҳои ашёи пахта дар сатҳи тӯр беҳтар мешавад, пайвастагӣ ва устувории ҷараёни мавод афзоиш меёбад, эътимоднокии раванд таъмин карда мешавад ва устувории кори таҷҳизоти тозакунанда васеъ мешавад, ки ҳатто бо афзоиши маҳсулнокӣ амалан тасдиқ шудааст.

Калидвожаҳо: устувонаҳои сих ва тасмааррадор, самаранокии тозакунӣ, ифлосҳои хурду калон, фосилаи технологӣ, сатҳи тӯрӣ, панҷараҳои хозагӣ, қисмати тозакунӣ.