Шарофзода Эраҷ Умрибой
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур таърих, сохтор, тарзи кор, аҳамияти илмӣ ва нақши фарҳангии соатҳои ихтироъкаради мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар натиҷаи омӯзиш маълум гашт, ки Исмоил ал-Ҷазарӣ яке аз ихтироъкорони сатҳи ҷаҳонӣ буда, онро падари робототехника меҳисобанд. Ӯ дар баробари ихтирои робот, маторҳои интиқолдиҳандаи об, се соати дигар сохтааст, ки то ҳол дар таърихи соатсозӣ назир надонад. Соати фили ӯ як намунаи соати бузурге аст, ки ҷаҳониѐн қариб Ҷазариро бо ихтирои ҳамин соат мешиносанд. Соати шамъӣ бошад, боис гашт, ки Ҷазарӣ дар баробари ихтирои соати шамъӣ, шамъи махсусеро ихтироъ кард, ки то ҳол истифода мешавад. Инчунин соати қалъаи ӯ дар баробари соат будан, бурҷ ва мадорҳои офтобию моҳтобиро муайян мекард.
Калидвожаҳо: Соат, соати фил, механика, гидравлика, автоматика, тамаддунимусалмонӣ, муҳандисӣ, механика, гидравлика, замон, офтоб, моҳ.

