ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА

Саидов Абдуқаҳҳор

Аннотатсия: 

Дар мақола ахбори муаррихи охири асри XIII-ибтидои ва аввали асри XIV Ҷамол Қаршӣ дар бораи Салҷуқиѐн мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф асосан ба масъалаҳои таърихи маскуншавии Салҷуқиѐн, машғулияти онҳо ва санаҳои вафоти ҳокимони ин сулола таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Барои муайян намудани эътимоднокии гуфтаҳои Ҷамол Қаршӣ дар бораи Салҷуқиѐн ахбори ў бо маълумоти маъхазҳои дигари хаттӣ бо истифиодаи маводҳои нумизматӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Дар натиҷа маълум гардид, ки маълумоти Ҷамол Қаршӣ дар аксари мавридҳо, ба истиснои баъзе далелҳои алоҳида, ба рӯйдодҳои таърихӣ, мувофиқат мекунанд. Номҳои ҳокимони салҷуқӣ ва санаҳои марги онҳо аз ҷониби Ҷамол Қаршӣ бо тартиби қатъии хронологӣ оварда шудаанд. Далелҳои дар боло овардашуда нишон медиҳанд, ки Ҷамол Қаршӣ ҳангоми тавсифи таърихи Салҷуқиѐн аз маводи манобеи ба мо номаълум истифода намудааст, зеро баъзе маълумоти дар ин асар ҷойдошта, дар манобеи хаттии дигар, ки таърихи Салҷуқиѐнро тавсиф мекунанд, вуҷуд надоранд.

Калидвожаҳо: Ҷамол Қаршӣ, Салҷуқиѐн, манобеи хаттӣ, сикка, маълумот, султон, вафот, хутба, мехкада, салтанат.