Изатов Мирали Валиевич
Аннотатсия:
Дар мақола маълумоти муфассал дар бораи мошинҳои ресандагӣ, таърихи пайдоиш ва рушди онҳо дар форматсияи ҷамъиятии ибтидоӣ ва давраҳои он, дар ҷамъиятҳои ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва то замони имрӯзаи тараққиѐт оварда шудааст. Инчунин оиди истифодаи аввалин олотҳои корӣ, аз қабили сангҳои нӯгтезу ғулачӯбҳо, чӯбчаҳо ва чархаву дукҳои ресандагӣ, пайдоиши аввалин матоъҳо ва риштаҳо, аввалин чорчӯбаҳои бофандагӣ, пайдоиши аввалин асбобҳои нассоҷии оҳанин, рушди саноати мануфактуравӣ дар давраҳои асримиѐнагӣ, истеҳсоли аввалин матоъҳои пашмӣ, рушди матоъбофӣ, пиллапарварӣ ва абрешимбофӣ, асбоби адади кашишдиҳии баланд барои мошини ресандагӣ, таърихи пайдоиш ва рушди мошинҳои муосири ресандагии ҳалқавӣ ва пнеммомеханикӣ бо дук ва камераҳои зудии чархзанияшон ниҳоят баланд маълумот дода шудааст.
Калидвожаҳо: мошин, ресандагӣ, чарха, асбоб, кашишдиҳӣ, моку, ҳалқа, ришта, матоъ.

