Раҷабализода Файзалӣ Раҷабалӣ, Авганова Зарина Асламовна
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур муаллифон мақом ва рисолати инсонро дар фазои постмодернизм ва раванди ҷаҳонишавӣ матраҳ намуда, мавқеъ, аъмол, вазъи равонӣ, ҳолатҳои зудтағйирѐбандаи ботини инсон дар шароити рушди технологӣ ва коммуникатсионии воситаҳои алоқа баррасӣ кардаасту мутавозинияти унсурҳои меҳварии миллатсозии муосир аз қабили худшиносӣ, зеҳн, характер, ганҷури равонии миллат таҳлили хешро дарѐфтаанд. Дар фарҷом таъкид менамояд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва постмодернизм барои афроди миллӣ ногузир мебошад ва мо бояд шуури шаҳрвандонамонро барои ворид шудан ба гирдоби дорои хусусиятҳои мусбию манфӣ омода созем.
Калидвожаҳо: Ҷаҳонишавӣ, шахс, худшиносӣ, зеҳн ва зеҳнияти миллӣ, ганҷури равонии миллат, зудтағйирѐбандагӣ, интернет, фазои маҷозӣ, мағзшӯи.

