Ҳақдодов Акбарҷон Маҳмадшарифович,
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои ченкуниҳои таҷрибавии консентратсияи PM2.5 дар асоси истифодаи датчики оптикии намуди SPS30 оварда шудаанд. Вобастагии байни консентратсияи PM2.5 ва шароити метеорологӣ муайян карда шуд. Паст будани устувори консентратсияи PM2.5 дар ҳудуди кӯҳӣ-водигӣ аз сатҳи пасти таъсири антропогенӣ ва самаранокии механизмҳои табиии худтозакунии атмосфера шаҳодат медиҳад, ки бо хусусиятҳои гардиши ҳаво дар минтақаи мавриди таҳқиқ вобаста мебошад. Таҳлили консентратсияи PM2.5 пеш аз воридшавии чанг ва баъд аз он нишон дод, ки интиқоли берунии массаҳои чангу ғубор ҳамчун омили асосии ташаккули сифати ҳаво баромад мекунад. Ин ҳолат бо вайроншавии ногаҳонии режими муқаррарии атмосфера ва афзоиши шадиди сатҳи ифлосшавӣ ифода меѐбад.
Калидвожаҳо: сифати ҳаво, консентратсияҳои ҳадди иҷозатдодашуда, PM2.5, датчики оптикӣ, воридшавии чанг

