Хоҷаназаров Хайрулло Маҳмудхонович, Саидзода Баҳриддин Саид, Амонзода Салим Темур
Аннотатсия:
Дар мақола роҳҳои навсозии назорати метрологӣ оид ба хусусиятҳои геометрии ҷузъҳои таъиноти мошинсозӣ дар корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Таҳлили ҳамаҷонибаи усулҳо ва воситаҳои ченкуние, ки дар амалияи истеҳсолӣ истифода мешаванд, анҷом дода шуда, омилҳое муайян гардиданд, ки ба такроршавандагӣ, эътимоднокӣ ва устувории дарозмуддати натиҷаҳои назорат таъсири маҳдудкунанда мерасонанд. Диққати махсус ба сабабҳои пайдоиши хатогиҳои системавӣ ва тасодуфӣ дар шароити воқеии истеҳсолот равона шудааст. Самтҳои афзалиятноки рушди таъминоти метрологӣ, ки ба баланд бардоштани дақиқӣ ва боэътимодии расмиѐти ченкунӣ нигаронида шудаанд, пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, ҳамгироии модулҳои автоматикунонидашудаи ченкунӣ, истифодаи системаҳои координатӣ-ченкунӣ, инчунин ҷорӣ намудани алгоритмҳои рақамии ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилооти ченкунӣ бо унсурҳои таҳлили зеҳнии додаҳо пешниҳод мегардад. Намунаҳои амалии татбиқи низоми таҷдидшудаи назорат дар як қатор корхонаҳои мошинсозии Тоҷикистон оварда шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқоти таҷрибавӣ, ки ба арзѐбии миқдории нишондиҳандаҳои дақиқии ченкунӣ равона гардидаанд, пешниҳод шуда, самаранокии қарорҳои техникию ташкилотии пешниҳодшударо тасдиқ менамоянд.
Калидвожаҳо: назорати метрологӣ, мошинсозӣ, параметрҳои геометрӣ, дақиқии ченкуниҳо, калибровка, рақамисозӣ

