Тиллоев Қудратулло Зувайдуллоевич
Аннотатсия:
Дар мавод таҳлили аналитикии самаранокии усулҳои татбиқи комбинатсионии таъсири ларзиши ба маводи дисперсионӣ (хоми хок, гил, хоми гил-гилин) бо назардошти қувваҳои соиш дар деворҳои қолаб баррасӣ шудааст. Барои ҳалли ин масъала, шиддатҳое, ки дар маводи дисперсионӣ ҳангоми фишурдани он ва таъсири ҳамзамони сарбориҳои статикӣ ва вибратсионӣ ва бо назардошти қувваҳои соиш дар деворҳои қолаб ба вуҷуд меоянд, мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Бо истифода аз муодилаи ҳаракати маводи дисперсионӣ шиддатҳо ва деформацияҳо дар маводи дисперсионӣ муайян карда шуданд. Барои ин аввал қабул шудааст, ки деформацияҳо хурд ва хаттӣ мебошанд, ки имкон медиҳад қонуни Гук ва муодилаи назарияи чандирӣ истифода шаванд. Масъала дар таҳлили хати бо назардошти шартҳои марзӣ баррасӣ шудааст.
Калидвожаҳо: маводи дисперсионӣ, модели математикӣ, сарборҳои статикӣ ва динамикӣ, қувваи соиш ба деворҳои қолаб, хаттикунонии муодила, назарияи чандирӣ.

