Каримова Мавҷуда Урунбаевна
Аннотатсия:
Дар мақола саҳми Раҳматҷонов Ғуломҷон, мутахассиси ғайриштатии шуъбаи лоиҳакашию сметавии Раёсати экспертизаи давлатӣ ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ба рушди низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Точикистон дида шудааст. Муҳимият ва такмили низоми нархгузорӣ, базаи меъёрӣ, инчунин ҷорӣ намудани равандҳои муосир дар муайян кардани арзиши сохтмон қайд карда мешавад. Марҳилаҳои асосии ташаккули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, татбиқи усули захиравӣ, таҳияи таснифоти захираҳои сохтмонӣ, инчунин фаъолияти илмию педагогии мутахассиси соҳаи сохтмон ва тарбияи кадрҳо таҳлил карда мешаванд. Кору фаъолияти амалии Раҳматҷонов Ғ. дар мустаҳкам намудани заминаи методологӣ, ташаккули механизми шаффофияти нархгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Калидвожаҳо: нархгузорӣ, мутахассис, усули захиравӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ, арзиши сметавӣ, меъёргузории сметавӣ, иқтисодиёти сохтмон, заминаи меъёрӣ, коршинос, таснифи захираҳои сохтмон.

