ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

ФАЛСАФАИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА

Раҳимов Муҳсин Хусейнович

Аннотатсия:

Мақолаи мазкур ба эпистемологияи Ибни Сино дар зерматни назарияи шуури квантӣ бахшида шудааст. Дар он хусусият ва қобилиятҳои равонӣ ва маърифатии Шайхурраис дар партави шуури квантӣ баррасӣ шудааст. Биологияи квантӣ самти нави илмӣ ба шумор рафта, механизми фаъолият ва пайдоиши шуурро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Тарзҳои классикии омӯзиши он наметавонанд ҷиҳатҳои комплексии шуурро ҳаматарафа баён намоянд. Танҳо механизмҳое маълуманд, ки ба идроки воқеияти мо таъсир мерасонанд. Вале дар куҷо худи он идрок оғоз мегардад – маълум нест. Ба умеди, ақалан аз ҷиҳати назариявӣ ҳал ва ҷуброн намудани холигиҳои табиати шуури мо, ки онро физикаи классикӣ қодир нест маънидод намояд, олимон ба ном ба “назарияи квантӣ” рӯ оварданд. Дар мисоли эҷодиёти Абӯали Сино кӯшиши олимон, аз ҷумлаи физикон ва биологҳо нишон дода шудааст, то ки ба яке аз муаммоҳои бузурги инсоният равшанӣ андозанд.

Вожаҳои калидӣ: шуури квантӣ, флуктуатсия, когеренсия, хаос, нейрон, эффект бабочки, коллапс, Ибни Сино, фазо, вақт, вакуум.