Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон
Аннотатсия:
Сӯхтани ангишт ҳамоно яке аз манбаъҳои асосии партоби металлҳои вазнин дар минтақаҳои саноатии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар таҳқиқоти мазкур миқдор ва паҳншавии сурб (Pb), кадмий (Cd), никел (Ni) ва хром (Cr) дар намунаҳои хок, ки дар масофаҳои гуногун аз корхонаҳое, ки бо ангишт фаъолият мекунанд ва дигар корхонаҳои кимиёвӣ гирифта шудаанд, ба таври миқдорӣ муайян карда шуданд. Таҳлили намунаҳо бо истифода аз усулҳои ИСП-МС ва ААС мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки мавҷудияти ифлосшавии ҳаҷми металлҳои вазнин дар минтақаҳои наздиктар ба манбаъҳои партоб ба таври назаррас баланд мебошанд (p < 0,05). Илова бар ин, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист, аз ҷумла барномаи кабудизоркунӣ бо шинонидани дарахтон, таъсири мусбат нишон медиҳанд, ки боиси коҳиш ёфтани нишасти чанг ва дигар сарбории вобаста ба металлҳои вазнин мегарданд. Чунин натиҷаҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зарурати назорати доимии муҳити зист ва татбиқи чорабиниҳои ҳадафманди экологӣ дар минтақаҳои саноатии Тоҷикистон, ки бо ангишт ва ифлосшавӣ бо чанги семент дучор мешаванд, таъкид менамоянд.
Калимаҳои калидӣ: металлҳои вазнин, сӯхтани ангишт, ифлосшавии хок, партобҳои саноатӣ, мониторинги экологӣ..

