Давлатшоев Рашид Асанхонович, Бутаев Маҳмадшариф Қодирович, Ҷобиров Фируз, Маджидов Б.Ж.
Аннотатсия:
Дар мақола ҳолати муосири бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Сатҳи ифлосшавии атмосфера аз ҷониби воситаҳои нақлиёт таҳлил гардида, сабабҳои афзоиши ихроҷи моддаҳои зараровар ва таъсири онҳо ба муҳити зист арзёбӣ шудаанд. Муаммоҳои асосии идоракунии фаъолияти ҳифзи муҳити зист дар соҳаи нақлиёт қайд шудаанд. Роҳҳои такмил додани назорати экологӣ, танзими автопарк ва гузариш ба намудҳои нақлиёти экологӣ — аз ҷумла электромобилҳо, нақлиёти гибридӣ ва газомоторӣ пешниҳод гардидааст. Маълумотҳои миқдорӣ оид ба ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ва динамикаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (ВНА) дар давраи солҳои 2022–2024 оварда шудаанд. Мақола тавсияҳо оид ба чораҳои қонунгузорӣ, техникиву ташкилӣ барои баланд бардоштани бехатарии экологии соҳаи нақлиёт дар кишвар пешниҳод менамояд.
Калидвожаҳо: нақлиёти автомобилӣ, ихроҷ, ифлосшавии ҳаво, амнияти экологӣ, Тоҷикистон, электромобилҳо, автомобилҳои гибридӣ, PM₂.₅.

