ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

Фазлиддини Неъматулло, Бобоев Тоҳир Давлатович, Муродов Парвиз Худойдодович, Амирзода Ориф Ҳамид

Аннотатсия:

Дар мақолаи мазкур бо асоснокунии илмӣ роҳҳои нави  такмилдиҳии барномаи мониторинги сифати оби нӯшокӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Барои самаранокии амалишавии барномаи мониторинги сифати оби нӯшокӣ схемаи низоми ягонаи иттилоотии автоматонишудаи назорат пешниҳод карда шудааст.  Аз рӯи натиҷаҳои таҳлили маълумоти озмоишӣ муқаррар карда шудааст, ки сифати оби нӯшокӣ дар шароити шаҳри Душанбе новобаста аз таъсири омилҳои иқлимӣ ва антропогеннӣ ба талаботи мавҷудаи стандарти сифати оби нӯшокӣ мутобиқат мекунад. Ҳамзамон, пешниҳод карда шудааст, ки дар қатори номгӯи минималии нишондиҳандаҳои ҳатмӣ, дар раванди обтайёркунӣ, бахусус дар мавриди истифодаи технологияҳои тозакунии об пеш аз интиқоли оби нӯшокӣ ба обистеъмолкунандагон бояд нишондиҳандаҳои афзалиятдоштаи сифати оби манбаъ дар шабакаи тақсимотӣ бо инобати вуҷуд доштани имконияти дуюмбора ифлосшавии об, мавриди таҳлилу назорат қарор дода шавад.

Вожаҳои калидӣ: Барномаи мониторинги сифати оби нӯшокӣ, нишондиҳандаҳои сифати об, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ифлосшавии об, мутобиқати сифати оби нӯшокӣ.