ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Техника ва Ҷомеа

МОШИНСОЗӢ ВА МОШИНШИНОСОӢ

Акрамов Баҳром Ниёзович, Исматов Исмоилҷон Аҳмадович

Аннотатсия:

Дар мақолаи мазкур саволҳо оиди технологияи тайёрнамудани брикетҳои сузишворӣ аз биомассаҳои маҳали барои ниёзи мардуми деҳот барасӣ мегарданд. Технологияи истеҳсоли брикет як қатор марҳалаи истеҳсолро дар бар мегирад. Саволҳо оиди ҳамаи зинаи истеҳсолот барасӣ мешаванд: ашёи хом аз биомассаҳо ва ҷамъоварии онҳо ва барои коркард тайёрнамудан, ташакули брикетҳо ва ғайра дида баромада мешаванд. Зинаи хунук ва хушкунии брикетҳои сӯзишворӣ баъд аз ташакули онҳо дар зери манганаи (пресс) зарбавӣ муфассал дида мешаванд. Ин марҳала дар конвейрҳои намуди бисёрбахша амалӣ гардонида шуда ва бо параметрҳои (намнокӣ ва ҳарорат) брикетҳои сӯзишворӣ мутобиқ гардонида мешавад. Конвейр бо параметрҳои геометрии минимали аз ҳисоби сохтори махсусашон шароити дурустро таъмин менамоянд. Дар асоси дуруст интихоб намудани адади гузариши механизмҳо ҳисоби рақами оварда шудааст. Истифодаи механизмҳои дандондор тавсия дода намешавад аз ҳисоби адади гузариши ҳаракатоваранда калон будан, аз ҳамин сабаб механизми данднодори мавҷи истифода шудааст.

Вожаҳои калидӣ: биомасса, брикети сузишвори, технологияи тайёркуни, конвейри махсус, хушк ва хунуккунии брикетҳо, механизми дандондори мавҷи.