Асосӣ

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тибқи Низомнома ва Оиннома, маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ», ки ду бахши он (Интеллект, Инноватсия, инвеститсия, таҳқиқоти муҳандисӣ) ба рӯйхати маҷаллаҳои илмӣ тақризшавандаи тавсиянамудаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, фаъолият менамояд. Маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» аз се бахш иборат мебошад:

  • Интеллект, Инноватсия, инвеститсия
  • Таҳқиқоти муҳандисӣ
  • Техника ва ҷомеа

Маҷалла дар давоми сол 4 маротиба нашр карда мешавад.

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛАҲО БА МАҶАЛЛАИ "ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ"

  1. Дар Маҷалла мақолаҳои дорои хусусияти илмӣ, амалӣ ва ҳалталаб нашр карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда буда, навоварии илмӣ доранд ва барои доираи васеи хонандагони маҷалла қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
  2. Мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
  3. Мақола бояд ба мавзӯъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад.
  4. Мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад.
  5. Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
  6. Матни мақола бояд дар шакли IMRAD бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.

Ба мақола замима карда мешавад:

  1. Мактуб (барои кормандони беруна)
  2. Аризаи муаллифӣ
  3. Шартномаи литсензионӣ
  4. Хулосаи экспертӣ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод чоп кардани мақола
  5. Тақризи берунӣ (тибқи талабот)
  6. Хулосаи антиплагиат

21116